Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 08.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушд додан ва беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо дар мамлакат соли 2022 «Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардидааст. Ҳадафи асосии барнома афзун гардонидани захираи алафҳои табиии чарогоҳҳо бо истифода аз технологияҳои муосир ва баланд бардоштани ҳосилнокии он мебошад. Баланд бардоштани ҳосилнокии чарогоҳҳо ба рушди минбаъдаи чорводорӣ мусоидат намуда, барои таҳкими иқтисоди ҷумҳурӣ замина фароҳам меорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, давоми солҳои амалӣ гардидани ин барнома аз маблағҳои буҷетӣ 3 миллиону 245 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад. Он ба беҳтар кардани чарогоҳҳо, бунёди пулҳои чорвогузар, таъмири роҳҳои чорвогузар, инчунин таъмир ва сохтмони иншооти безараргардонии чорво равона мешавад. Ҳамчунин барои татбиқи он аз ҳисоби маблағҳои сармояи хориҷӣ ва грантҳо барои рушди ин соҳа 24 миллиону 791 ҳазору 800 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки «Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» 29 ноябри соли 2022 зимни баргузории маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид.

Давоми татбиқи барнома дар се сол азхудкии маблағҳо аз ҳисоби ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ 90,7 миллион сомониро ташкил дод, ки дар маҷмуъ нисбат ба нишондоди барномавӣ 3,4 маротиба зиёд аст.

Тибқи нақша, беҳтаркунии чарогоҳҳо 1250 гектарро ташкил дода, иҷрои он 1589 гектар ё 127 фоиз таъмин гардидааст. Инчунин дар солҳои 2024-2025 дар деҳаи Ҷелондии Ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон 1 адад ва дар мавзеи Девлохи Ҷамоати деҳоти Тусёни ноҳияи Роштқалъа 1 пули чорвогузар сохта, ба истифода дода шуданд.

Инчунин соли 2025 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» 1 пули чорвогузар ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ дар ноҳияи Ховалинг ва аз ҳисоби лоиҳаи «Барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1 пули чорвогузар бо маблағи 160 ҳазор сомонӣ дар ноҳияи Мурғоб сохта, ба истифода дода шуд.

Бо мақсади беҳтар намудани роҳҳои чорвогузар давоми солҳои 2023-2025 дар доираи маблағҳои пешбинигардида 54 километр роҳ таъмир гардид, ки 108 фоизи нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин давоми ин солҳо 8 чоҳи безараргардонӣ таъмир ва сохта шуд, ки иҷрои пурраи талаботи банди мазкурро дар бар мегирад.

Дар доираи ин барнома 456,6 гектар ҳолати чарогоҳҳои ҷумҳурӣ тавассути ташкили қитъаҳои намоишӣ ва тухмипарварии зироати хӯроки чорво беҳтар гардонида шуд, ки иҷрои он дар давраи ҳисоботӣ 2,2 маротибаро ташкил медиҳад.

Давоми солҳои 2023, 2024 ва 2025 аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ 2 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби сармояи дохилию хориҷӣ ва шарикони рушд 24,6 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки ҳамагӣ 26,6 миллион сомониро ташкил додааст. Иҷрои барномаи мазкур ба миқдори 90,7 миллион сомонӣ ё 3,4 маротиба барзиёд таъмин гардидааст.

Яке аз омилҳои асосии рушди чорводорӣ мустаҳкамсозии заминаи хӯроки чорво мебошад. Ба чорво аз рӯи меъёр хӯронидани ғизои асосӣ сабаби зиёд шудани маҳсулнокӣ ва баланд гардидани сифати он, пешгирии вайроншавии мубодилаи моддаҳо, беҳтар гардидани қобилияти такрористеҳсолкунӣ ва пешгирии касалиҳо мегардад. Чарогоҳ барои ҳайвонот яке аз манбаъҳои асосии хӯроки сабзи арзон ва пурқимат аст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ ва зиёд намудани хоҷагиҳои зотпарварӣ «Фестивал-намоиши чорвои зотӣ» гузаронида мешавад. Дар ин намоишҳо чорвои калони шохдор, аз ҷумла чорвои хушзоти калони тоҷикии навъҳои сиёҳало, зотҳои шведӣ, сментал ва гӯсфанди зоти тоҷикӣ, ҳисорӣ, қароқулӣ, маҳинпашм ва ғайра муаррифӣ карда мешаванд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА, АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Источник: АМИТ "Ховар"