Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои мураббиёни Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он сармураббиёни дастаҳои мунтахаби мамлакат оид ба фаъолияти анҷомдода ҳисобот пешниҳод карданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа котиби генералии ФФТ Фурқат Ахмедҷонов, директори техникӣ Увайдо Давлатбеков, раиси Шурои мураббиён Салоҳиддин Ғафуров, директорони лигаҳои гуногуни футбол, роҳбари раёсати дастаҳои мунтахаби ФФТ, инчунин сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа ҳисоботи мураббиён шунида шуд. Аз ҷумла, Мубин Эргашев (дастаи мунтахаби олимпии U-23), Рустам Хоҷaев (дастаи мунтахаби ҷавонон U-20), Нуъмонҷон Юсупов (дастаи мунтахаби наврасон U-15) ва Пайрав Воҳидов (дастаи мунтахаби футзал) дар бораи фаъолияти анҷомдода муфассал маълумот дода, нақшаҳои омодагии дастаҳояшонро барои соли оянда пешниҳод карданд.

Ба дастовардҳои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар соли 2026 таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз рӯйи натиҷаи баромадҳо се даста – тими миллии асосӣ, дастаи мунтахаби ҷавонон (U-20) ва дастаи мунтахаби наврасон (U-17) роҳхати марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027-ро ба даст оварданд. Ҳамзамон дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бори чорум дар таърихи худ ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт.

Соли 2027 якчанд дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаҳои муҳими байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) моҳҳои март-апрел дар Ҷоми Осиё-2027 дар Чин ҳунарнамоӣ мекунад. Дастаи мунтахаби наврасон (U-17) моҳи май дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Узбекистон баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

Моҳи июн тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми миллатҳои CAFA-2027 иштирок мекунад. Моҳи сентябр даста муборизаро дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2030 оғоз карда, охири моҳи декабр дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар Арабистони Саудӣ иштирок мекунад.

Илова бар ин, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) моҳи июн барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2028 мубориза мебарад. Тими миллии футзали Тоҷикистон моҳи сентябр рақобатро барои ба даст овардани роҳхати қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2028 оғоз мекунад.

Дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон низ дар марҳилаҳои интихобии Ҷоми Осиё-2028 оид ба футзал ва Ҷоми Осиё-2028 байни дастаҳои мунтахаби занона (U-20) иштирок хоҳанд кард.

Ҳамзамон соли оянда дастаҳои гуногуни Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дар анҷоми ҷаласа иштирокдорон оид ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуда, самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистонро муайян карданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"