Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Қатар- шаҳри Давҳа маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин–Осиёи Марказӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Қатар- шаҳри Давҳа маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин–Осиёи Марказӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар маросими ифтитоҳи Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин–Осиёи Марказӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода иштирок намуд.
Дар доираи чорабинӣ маросими имзои Ёддошти тафоҳум ва муаррифии рамзии фонд баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба фаъолияти минбаъдаи фонд ва самтҳои афзалиятноки ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин баррасӣ гардиданд.
Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин–Осиёи Марказӣ ҳамчун механизми нави ҳамкорӣ ба дастгирии лоиҳаҳои рушд ва таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ равона гардидааст.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон