Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе 20 октябр, соати 09:00 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дар иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум масъалаҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 дар шаҳри Душанбе, татбиқи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» ва ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт, тасдиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои солҳои 2026-2030» дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Дар асоси ин қарор вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо доир намуда, аз натиҷаи он ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум то 19 октябр таклифҳои мушаххас пешниҳод менамоянд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Источник: АМИТ "Ховар"