«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар озмун байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ Мавлавӣ Қаюмов ва байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат Фотима Саидикромова сазовори ҷойи якум гардиданд.
Ҷойи дуюм байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ насиби донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳиба Абдуллоева ва байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ насиби донишҷӯи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Майрам Баротова гардид.
Ҳамчунин донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Умринисо Бердишукурова, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Зира Қурбонова, донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент Шабнам Бобоёрзода ва курсанти Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Муродзода сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд.
Ба ҳар ғолиби ҷойи якум 20 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 15 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 7 ҳазору 500 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид. Ҳамчунин иштирокчиёни фаъоли озмун бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ нақши чунин озмунҳоро дар тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва омӯзиши амиқи таърихи давлатдории тоҷикон муҳим арзёбӣ намуд. Иброз гардид, ки баргузории озмун барои ҷалби бештари донишҷӯён ба мутолиаи асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани маърифати онҳо ва таҳкими ҳисси масъулият дар назди Ватан заминаи мусоид фароҳам меорад.
Соли сеюм аст, ки озмун бо ибтикори Китобхонаи миллии Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор мешавад. Ҳадафи он гиромидошти таърихи пуршарафи халқи тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шиносоии ҷавонон бо фаъолияти давлатдории Пешвои миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа мебошад.
Тибқи иттилои масъулин, дар озмуни имсола 231 донишҷӯ аз муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат иштирок намуданд. Талаботи озмун аз донистани маълумоти муфассал доир ба асарҳои Пешвои миллат, доштани маълумот оид ба ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат, донистани санадҳои муҳими меъёрҳои ҳуқуқӣ оид ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, донистани мероси таърихию фарҳангии моддию маънавии халқи тоҷик, қобилияти суханварӣ, озодбаёнӣ ва ровигӣ иборат буд.
Тибқи низомномаи озмун, ба ғолибони даври ниҳоии озмун имкон дода мешавад, ки баъди хатми зинаи бакалавриати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бе супоридани имтиҳон бо тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идомаи таҳсил дар зинаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шаванд. Инчунин онҳо ба узвияти ифтихории «Китобхонаи миллӣ», ки ҳуқуқи бемаҳдуди истифода аз шуъбаю бахшҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистонро доранд, қабул карда мешаванд.
Ғолибони даври ҷамъбастии озмун то се соли оянда ҳуқуқи дар озмун иштирок карданро надоранд.
Ёдовар мешавем, ки озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ карда шудааст, гузаронида шуд.
Моҳинави НАВРӮЗ, АМИТ «Ховар»
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон