Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалӣ намудани «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дошта, шумораи умумии катҳои табобатӣ ба 16 ҳазор адад расидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Дар вилоят ба ҳифзи саломатии аҳолӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир гардида, барои амалӣ намудани стратегияҳои давлатӣ ва «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бахши тандурустӣ» корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Дар соҳаи тандурустии давлатии вилоят 946 муассиса фаъолият дошта, аз онҳо 136 муассиса ба сохтори госпиталӣ ва 810 муассиса ба сохтори кумаки аввалияи тиббию санитарӣ мансуб мебошанд. Дар баробари бахши давлатӣ соҳибкории тиббӣ низ рушд ёфта, 295 муассисаи тиббии хусусӣ (аз ҷумла 159 ҶДММ, 58 намояндагӣ ва 78 соҳибкори инфиродӣ) ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Шумораи умумии катҳо дар муассисаҳои сохтори госпиталӣ 15 801 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 13 978 кат ба муассисаҳои давлатӣ ва 1 823 кат ба бахши хусусӣ рост меояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Источник: АМИТ "Ховар"