Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи 21-уми Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи 21-уми Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдаралӣ Раҷабзода иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамот.
Дар ҷаласа Ҳайдаралӣ Раҷабзода оид ба вазъи соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», инчунин тадбирҳои андешидашаванда барои такмили низоми ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии истеъмолкунандагон маълумот пешниҳод намуд.
Ҳамзамон ба масъалаҳои рақамикунонии равандҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, амалӣ намудани низоми электронии қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи хизматрасониҳои коммуналӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар доираи чорабинӣ вохӯрии Ҳайдаралӣ Раҷабзода бо роҳбари Хадамоти федералии назорат дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳбуди инсони Федератсияи Русия Анна Попова баргузор гардид. Масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, мубодилаи таҷриба ва густариши ҳамкории байниидоравӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ инчунин дар нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шароити рақамикунонӣ иштирок намуд. Дар конфронс масъалаҳои мубрами ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ, густариши тиҷорати электронӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва зарурати ташаккули механизмҳои самараноки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагон баррасӣ гардиданд.
АКС: Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон