Дар доираи Sibos 2026 ҳамкории Тоҷикистон бо SWIFT баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои тавсеаи ҳамкории байналмилалии бонкӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди ҷаҳонии шабакаҳои иртибототи байнибонкӣ /SWIFT Society for Worldwide Interbank Financial Telecommunications/ дар мулоқоти ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои тавсеаи ҳамкории байналмилалии бонкӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди ҷаҳонии шабакаҳои иртибототи байнибонкӣ /SWIFT Society for Worldwide Interbank Financial Telecommunications/ дар мулоқоти ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми раиси бонк Фируз Шарифзода бо намояндагони ташкилоти SWIFT баррасӣ гардиданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мулоқот дар доираи Форуми байналмилалии саноати молиявии Sibos 2026 дар шаҳри Майами Амрико баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкории байналмилалии бонкӣ, рушди инфрасохтори пардохтҳои фаромарзӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ, инчунин таҳкими ҳамгироии низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо инфрасохтори ҷаҳонии молиявиро баррасӣ намуданд.
Дар мулоқот самтҳои муосири рушди шабакаи ҷаҳонии пардохтӣ, такмили механизмҳои пардохтҳои байналмилалӣ, татбиқи қарорҳои нави технологӣ, рушди стандартҳои мубодилаи иттилооти молиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи амнияти амалиёти фаромарзӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд. Инчунин масъалаҳои истифодаи стандарти ISO 20022, рушди механизмҳои муосири мубодилаи иттилооти молиявӣ, баланд бардоштани сифат ва сохторбандии маълумоти пардохтӣ, таъмини мутобиқати низомҳои иттилоотии бонкӣ ва такмили инфрасохтори технологӣ барои анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории судманд дар самти рушди технологияҳои муосири пардохтӣ ва таҳкими инфрасохтори молиявӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон