Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи густариши ҳамкорӣ дар самти омӯзиши забони англисӣ дар доираи Барномаи минтақавии Шурои Британия «Тезонидани омӯзиши забони англисӣ дар Осиёи Марказӣ» 8 октябр дар вохӯрии директори

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи густариши ҳамкорӣ дар самти омӯзиши забони англисӣ дар доираи Барномаи минтақавии Шурои Британия «Тезонидани омӯзиши забони англисӣ дар Осиёи Марказӣ» 8 октябр дар вохӯрии директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кэтрин Смиттон ва роҳбари намояндагии Шурои Британия дар Узбекистон, директори кластер барои минтақаи Осиёи Марказӣ Майкл Ҳоулет баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин китобхона хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Барномаи минтақавии Шурои Британия дар Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон амалӣ мегардад. Он ба рушди низоми омодасозӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорони забони англисӣ, такмили барномаҳои таълимӣ ва татбиқи усулҳои муосири омӯзиши ин забон равона шудааст.

Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои густариши ҳамкории фарҳангӣ, илмию маърифатӣ ва рушди робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабирро баррасӣ намуда, доир ба имконоти татбиқи ташаббусҳои муштарак табодули афкор карданд.

Таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва омӯзиши забони англисӣ пайваста густариш ёфта, барои рушди робитаҳо байни муассисаҳои дахлдори ду давлат заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Ҳамчунин рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи китобдорӣ, табодули таҷриба, такмили захираҳои электронии иттилоотӣ, фароҳам овардани дастрасии хонандагон ба манбаъҳои муосири иттилоотӣ ва татбиқи барномаҳои муштараки фарҳангӣ аз самтҳои муҳими ҳамкории минбаъда арзёбӣ гардиданд.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"