Байни Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаи тандурустӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

АМИТ "Ховар" · · g1221874

Байни Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаи тандурустӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар шаҳри Душанбе маросими имзои Ёддошти тафоҳуми панҷсолаи дуҷониба оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Ёддошти тафоҳум бо маблағи умумии 78 миллион доллар ба имзо расид.

Ин ҳуҷҷат имконияти муҳим фароҳам меорад, то хизматрасониҳои тандурустӣ беҳтар гардида, иқтидори мамлакат дар самти пешгирӣ, ошкорсозии саривақтӣ ва вокуниш ба таҳдидҳои саломатӣ тақвият меёбад.

Таъкид шуд, ки ҳамкории мамлакат бо дигар давлатҳо ба ҳифзи саломатӣ ва некӯаҳволии мардум мусоидат намуда, дар таҳкими амнияти тандурустӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳм мегузорад.

Зимни баимзорасонии Ёддошти тафоҳум имконияти густариши ҳамкории ташкилот ва ширкатҳои амрикоӣ бо соҳаи тандурустии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Гуфта шуд, ки навовариҳо ва шарикии онҳо метавонанд ба таҳкими хизматрасониҳои тиббӣ ва рушди иқтидори миллӣ мусоидат намоянд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"