Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар вилояти Хатлон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ҷамъбаст гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷойи якум ба Маҳмад Шарипов ва Фаришта Содиқова аз ноҳияи Муъминобод дода шуд. Ҷойи дуюм насиби Ёқуб Каримов ва Ҳафизамоҳ Хизирова аз шаҳри Кӯлоб ва Маҳмадулло Абдуллоев ва Оламбӣ Абдулоева аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гардид. Ҷойи сеюмро Баҳодур Сафарзода ва Ибодат Убайдова аз ноҳияи Темурмалик, Бозорбой Шарипов ва Тухтабӣ Шарипова аз ноҳияи Дӯстӣ, инчунин Ҷӯрабой Бобоев ва Мусаллама Маҳмудова аз ноҳияи Носири Хусрав ишғол намуданд.

Иброз гардид, ки озмун дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» гузаронида шуд. Мақсади он таҳкими муносибатҳои оилавӣ, баланд бардоштани масъулияти ҳамсарон дар бунёди оилаи солим, тарғиби фарҳанги оиладорӣ ва тарбияи фарзандони солиму соҳибмаърифат ва ватандӯст арзёбӣ гардид.

Гуфта шуд, ки оила ҳамчун ниҳоди муҳимми ҷомеа дар ташаккули шахсият, тарбияи насли наврас ва ҳифзу таҳкими арзишҳои миллӣ нақши муассир дорад. Мустаҳкамии оила, муносибати некбинонаи ҳамсарон ва фароҳам овардани муҳити солими тарбиявӣ барои рушди ҳамаҷонибаи фарзандон аҳамияти хосса дорад.

Натиҷаҳои озмун нишон медиҳанд, ки тарғиби таҷрибаи оилаҳои намунавӣ ва баланд бардоштани масъулияти ҳамсарон дар бунёди муҳити солими оилавӣ аз омилҳои муҳими таҳкими муносибатҳои оилавӣ ба шумор мераванд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» тадбири муҳим буда, аҳли ҷомеаро ба баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббати самимӣ байни ҳамсарон ва тарбияи дурусти кӯдакон ҳидоят менамояд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"