Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Самарқанд Саммити ҷаҳонии «Сармоягузорӣ ба некӯаҳволии кӯдакон: роҳ ба сӯи рушди устувор ва одилона барои наслҳои оянда» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар Саммити ҷаҳонӣ вазирони тандурустии якчанд давлат, шарикон оид ба рушд ва мутахассисону коршиносони минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок намуданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намуд, ки «ҳифзи саломатии кӯдакон аз авлавияти муҳимтарини сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сармоягузорӣ ба саломатии кӯдакон сармояи инсониро тақвият ва некӯаҳволии наслҳои ояндаро кафолат дода, рушди устувори давлатро таъмин менамояд».
Таъкид гардид, ки таъмини ҳуқуқ, саломатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар рӯзномаи байналмилалӣ мақоми баландро ишғол мекунад. Ин масъулияти муштарак давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи касбӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро муттаҳид менамояд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар панҷ соли охир 2,5 маротиба афзоиш ёфта, ин иқдом ба беҳтар шудани инфрасохтор, афзоиши дастрасӣ ва беҳтар шудани сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат кард. Дар Тоҷикистон бақайдгирии таваллуд ва фавт, сабти эмгузаронӣ ва назорати рушд ва инкишофи кӯдакон ба тариқи электронӣ амалӣ карда мешавад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон