Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ бо истифода аз тамоми имконияту захираҳо барои пешрафти соҳаи маориф корҳои зиёде анҷом дода шуда, барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони соҳа
ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ бо истифода аз тамоми имконияту захираҳо барои пешрафти соҳаи маориф корҳои зиёде анҷом дода шуда, барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони соҳа ва дастгирии омӯзгорон тадбирҳои доимӣ андешида мешаванд. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни паёми шодбошӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон баён намуданд.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар шароити пешрафти босуръату бесобиқаи илму техника ва технологияҳо рисолати омӯзгор боз ҳам муҳимму масъулиятнок мегардад. Онҳо бояд наврасону ҷавононро ба омӯзиши илму донишҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, азхуд кардани технологияҳои замонавӣ, фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ ҳидоят карда, дар баробари ин, онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзу гиромидошти таъриху фарҳанги ниёгон ва заҳматдӯстиву масъулиятшиносӣ тарбия намоянд.
«Барои иҷрои ин рисолати муҳимму ояндасоз устодону омӯзгорон бояд серталабу сахтгир ва масъулиятшинос бошанд ва хусусан ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълим ва корҳои тарбиявӣ муносибати ҷиддӣ намоянд», -изҳор доштанд Сарвари давлат.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки устодону омӯзгорони мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ояндаи давлату миллат аз мактабу маориф оғоз меёбад ва пояи фардои ободу пешрафтаи Тоҷикистонро омӯзгорони имрӯза бо донишу маърифат ва заҳмати содиқонаашон мегузоранд.
«Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордидаву корозмуда ва талошу ташаббусҳои омӯзгорони ҷавон дар ҷодаи таълиму тарбияи наслҳои ояндасози Ватан ва миллат эътимоди қавӣ дорем. Бо изҳори итминон ба ояндаи неки кишвари маҳбубамон бори дигар ҳамаи устодону омӯзгорон, собиқадорон ва кулли кормандони соҳаи маорифро ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон самимона табрик мегӯям»,-изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»