Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ ва ҳамроҳонаш, ки барои иштирок дар ҷаласаи Кумитаи доимии ассамблея оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ ва ҳамроҳонаш, ки барои иштирок дар ҷаласаи Кумитаи доимии ассамблея оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни халқи тоҷик шинос шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ хабар медиҳад, меҳмонон аз толорҳои намоишии осорхона дидан намуда, бо нигораҳои нодир, бозёфтҳои арзишманди бостоншиносӣ, намунаҳои барҷастаи мероси таърихию фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар осори моддию маънавӣ шинос шуданд.

Экспозитсияи осорхона ба меҳмонон имконият фароҳам овард, ки бо саҳифаҳои пурғановати таърихи чандинҳазорсолаи тоҷикон ва дастовардҳои фарҳангии ниёгон аз наздик ошно гарданд.

Зимни сайри осорхонавӣ оид ба таърихи пайдоиш, аҳаммияти илмӣ ва фарҳангии нигораҳо, марҳилаҳои ташаккули давлатдорӣ ва рушди фарҳанги тоҷикон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Муҳаммадризо Маҷидӣ барои пазироӣ, ташкили сайри осорхонавӣ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик изҳори сипос намуда, таассуроти худро дар китоби қайди таассуроти «Меҳмонони фахрӣ» дарҷ намуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"