Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қоҳира бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Миср 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Миср
ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қоҳира бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Миср 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Миср хабар доданд, дар ҳамоиш намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва мисриён дар хориҷа, дигар вазорату идораҳои кишвари иқомат, сафирон ва намояндагони корпуси дипломатӣ, олимон, коршиносон, хабарнигорон ва тоҷикони муқими Миср иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода аз пешрафтҳои мамлакат дар замони истиқлол сухан карда, сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати ҳамзистӣ, ҳамёрӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хотири ояндаи босуботи минтақа ва ҷаҳон муаррифӣ намуд.
Бояд таъкид намуд, ки ҳамзамон бо ҷашни истиқлол намоиши китобу маҷаллаҳои нашршуда дар Миср роҷеъ ба Тоҷикистон, намоишгоҳи либосҳои миллӣ ва аксу мусаввараҳои Тоҷикистон, пахши филмҳои кӯтоҳи мустанад ва роликҳоли таблиғотӣ намоиш дода шуданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Миср