СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар ҳашт моҳи соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 беш
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар ҳашт моҳи соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 беш аз 18 фоиз афзоиш ёфтааст. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр зимни суханронӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб.
«Тибқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар рушди саноат дар шаҳри Кӯлоб бояд ба омили пешрафти иқтисодӣ, шуғли устувор ва афзоиши даромади аҳолӣ табдил дода шавад»,–баён намуданд Сарвари давлат.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 3 миллиарду 900 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Дар ин давра ба иқтисодиёти шаҳр, дар маҷмуъ, як миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст.
Илова бар ин, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, роҳу энергетика ва дигар бахшҳо 25 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон