Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба имзо расид. Ёддошти тафоҳум дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба имзо расонида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ хабар доданд, Ёддошти тафоҳум ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ, табодули донишу таҷриба, инчунин татбиқи ташаббусҳо ва лоиҳаҳои муштарак равона гардидааст.
Дар доираи ин санад ҳамкорӣ дар самтҳои таҳия ва такмили сиёсати давлатӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ, истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар низоми идоракунии давлатӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва ҳисоббарорӣ, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, дастгирии инноватсия ва омодасозии мутахассисони соҳа пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон ба масъалаҳои рушди зеҳни сунъии бехатар ва масъулиятнок, ҳифзи маълумоти шахсӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва киберӣ, инчунин дастгирии стартапҳо ва татбиқи технологияҳои муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷонибҳо ва таъмини татбиқи амалии мувофиқаҳо таъсиси гурӯҳи кории муштарак пешбинӣ гардида, тавассути табодули коршиносон, баргузории конференсияҳо, машваратҳои корӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ, таълимӣ ва озмоишӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон