ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, шанбе, 304 — умин рӯзи соли 2026 аст

АМИТ "Ховар" ·

31 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оғози сохтмони пули навбатии мошингард байни Тоҷикистон ва Афғонистон ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шурообод)-и вилояти Хатлон сафар намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

***

13 сол пеш, 31 октябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми лоиҳаи инноватсионии «Шаҳри бехатар» ё низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиётро барои шаҳри Душанбе расман ба кор дароварданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамошои сабқати финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё — 2015 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия ба майдони марказии варзишии пойтахт ташриф оварданд.

***

31 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 8-уми муштараки кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

***

31 октябри соли 2022 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенри Клюгеро ба ҳузур пазируфтанд.

***

31 октябри соли 2023 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат 7 корхонаи калони саноатӣ бо беш аз 4000 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуд.

31 ОКТЯБР:

Рӯзи байналмилалии Баҳри сиёҳ.

***

Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо.

***

Рӯзи байналмилалии сарфакорӣ.

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 1811 дар Русия Лисейи императории Тсарское Село кушода шуд, ки дар он шоири номдор Александр Пушкин таҳсил кардааст.

***

Соли 1941 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сохтмони Мемориали миллии кӯҳи Рашмор (муҷассамаи чеҳраи чор президенти Амрико) ба охир расид.

***

31 октябри соли 1932 дар Иттиҳоди Шуравӣ аввалин Кодекси гражданӣ мавриди амал қарор гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 бинобар ҳисоботи Фонди нуфузи аҳолии СозмониМилали Муттаҳид 7-миллиардумин сокини Замин ба дунё омад.

***

31 октябри соли 2011 дар шаҳри Париж масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва ЮНЕСКО баррасӣ гардид.

***

31 октябри соли 2012 Тартиби таъсис ва тасдиқи шуроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос тасдиқ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1892 Артур Конан Дойл китоби худ «Воқеаҳои ногаҳонии Шерлок Хомс»-ро ба нашр расонд.

***

Соли 1906 Намоиши ҷаҳонии «Экспо-1906» дар шаҳри Милани Италия ба анҷом расид.

Источник: АМИТ "Ховар"