Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла захираҳои нодири табиӣ, манзараҳои кӯҳсор, кӯлҳои зебоманзар ва мероси ғании таърихию фарҳангӣ, дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳои байналмилалӣ қарор доранд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб иттилоъ доданд, сафорат барои ҷалби бештари сайёҳон аз Амороти Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ тадбирҳои таблиғотиро тақвият дода, ҳамкориро бо ширкатҳои сайёҳӣ густариш медиҳад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои меҳмонони хориҷӣ имкониятҳои гуногуни сайёҳиро пешниҳод менамояд. Сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, сайёҳии фарҳангӣ ва табобатию солимгардонӣ, инчунин шиносоӣ бо ёдгориҳои таърихӣ, анъанаҳои миллӣ ва таомҳои маҳаллӣ аз ҷумлаи самтҳои ҷолиби мамлакат мебошанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб