Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 08.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокчиёни Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар доираи барномаи чорабиниҳои фарҳангии Бозиҳо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 08.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокчиёни Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар доираи барномаи чорабиниҳои фарҳангии Бозиҳо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин осорхона.
Ҳадафи боздид шиносоии меҳмонон бо таъриху фарҳанг, тамаддун, санъат ва мероси пурғановати халқи тоҷик, инчунин муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил арзёбӣ гардид.
Ба меҳмонон гуфта шуд, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун яке аз муҳимтарин муассисаҳои фарҳангиву илмии кишвар дар ҳифз, омӯзиш, муаррифӣ ва тарғиби мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик нақши муҳим дорад.
Дар доираи боздид барои ҳайати иштирокчиёни Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сайри осорхонавӣ ташкил карда шуд. Зимни сайри толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ меҳмонон бо таърихи чандҳазорсолаи тоҷикон ва марҳилаҳои асосии рушди ҷомеа, давлатдорӣ, фарҳанг ва санъати тоҷик шинос гардиданд.
Иштирокчиён аз толорҳои гуногуни осорхона дидан намуда, ба нигораҳои нодир, бозёфтҳои арзишманди бостоншиносӣ, намунаҳои нодири ҳунарҳои мардумӣ, осори санъати тасвирӣ ва амалӣ, инчунин дигар ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.
Ба меҳмонон дар бораи тамаддуни бостонии сарзамини Тоҷикистон, аз ҷумла осори марбут ба давраҳои қадим ва асрҳои миёна маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин оид ба нақши фарҳанг ва ҳунари тоҷикон дар ташаккули тамаддуни минтақа, анъанаҳои миллӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ маълумоти ҷолиб манзур гардид.
Иштирокчиёни Бозиҳои Делфӣ инчунин бо марҳилаҳои асосии ташаккул ва рушди давлатдории тоҷикон, дастовардҳои фарҳангӣ ва илмии гузаштагон ва намунаҳои мероси моддию маънавии миллати тоҷик аз наздик шинос шуданд.
Боздиди мазкур барои меҳмонони хориҷӣ имкони хуб фароҳам овард, то дар баробари иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва рақобатҳои Бозиҳои Делфӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон ва арзишҳои миллӣ бештар шинос шаванд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон