Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир барои ҷудокороне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳрҳои Айчӣ ва Нагояи Ҷопон муаррифӣ намуда, соҳиби медалҳо мегарданд, ҷоизаҳои
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир барои ҷудокороне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳрҳои Айчӣ ва Нагояи Ҷопон муаррифӣ намуда, соҳиби медалҳо мегарданд, ҷоизаҳои махсуси пулӣ таъсис додааст. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Паҳлавонони тоҷик барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ дар ин мусобиқаи бонуфузи қитъавӣ бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки агар паҳлавонони тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳрҳои Айчӣ ва Нагояи Ҷопон мақоми аввал, яъне медали тиллоро соҳиб гарданд, бо 150 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм ва медали нуқра бо 100 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ бо 80 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мукофотонида мешаванд.