Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиши тантанавии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Пеш аз оғози ҳамоиш китоби тозанашри муаллифон Толибҷон Бобоев ва Маҳмадулло Табаров «Театр дар оинаи истиқлол» рӯнамоӣ гардид. Ин китоб ба бозтоби дастовардҳо, таҳаввулот ва марҳилаҳои рушди санъати театрии тоҷик дар даврони истиқлоли давлатӣ бахшида шуда, дар муаррифии таърихи муосир ва дастовардҳои ин соҳаи муҳими фарҳангӣ аҳамияти хос дорад.
Ҳамчунин дар ин рӯз кормандони соҳаи фарҳанг барои саҳми арзанда дар рушди фарҳангу санъати миллӣ, фаъолияти пурсамор ва хизматҳои шоиста дар пешрафти соҳа бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Таъкид шуд, ки театр яке аз таъсирбахштарин намудҳои санъат аст, ки давоми таърих дар шаклгирии мафкура, ахлоқ ва ҷаҳонбинии инсонҳо нақши калидӣ доштааст. Онро беҳуда «оинаи зиндагӣ» ё «мактаби тарбияи ҷомеа» наменоманд. Ин саҳна минбари бузурги тарбиявӣ аст.
Дар ин рӯз намоиши таърихии «Бобоҷон Ғафуров» пешкаши тамошобинон гардонида шуд. Намоиш дар асоси асари профессор Иброҳим Усмонов таҳия шуда, бо коргардонии Абдулҳафиз Қодирӣ ба саҳна гузошта шуд. Асари мазкур зиндагӣ ва фаъолияти пурсамари Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуровро инъикос намуда, дар арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллат, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарғиби арзишҳои таърихию фарҳангӣ аҳамияти муҳими маърифатӣ дорад.
Тамошобинон дар ин намоиш шахсеро мебинанд, ки ҳатто дар душвортарин давраҳои зиндагӣ аз эътиқод ва мавқеи худ даст накашидааст.
Яке аз саҳнаҳои муҳими намоиш саҳнаи хоб аст, ки дар он симои модари Бобоҷон Ғафуров падид меояд. Маҳз тавассути ин саҳна ҷаҳони ботинӣ ва эҳсосоти амиқи қаҳрамон бозгӯйӣ мешавад. Ба андешаи коргардон, пас аз тамошои намоиш бисёриҳо шахсияти Бобоҷон Ғафуровро аз дидгоҳи дигар дарк хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки 7 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи театр муқаррар гардидааст.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷ ум ҳ урии Тоҷикистон