31 ОКТЯБР -РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 31.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо эълон гардидааст. Мувофиқи барномаи Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2030 11 ҳадафи устувор дар шаҳрҳо бояд амалӣ шавад, ки яке аз
ДУШАНБЕ, 3 1 .10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо эълон гардидааст. Мувофиқи барномаи С озмони Милали Муттаҳид , то соли 2030 11 ҳадафи устувор дар шаҳрҳо бояд амалӣ шавад, ки яке аз онҳо таъмини бехатарии онҳо мебошад. Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи шаҳрҳои бехатар ва пешрафта мебошад, ки дар он барои сокинону меҳмонон шароити замонавӣ муҳайё карда мешавад.
Дар шаҳри Душанбе дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаҳои азими меъморӣ, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳои ду ва се сатҳа амалӣ шудаанд, ки ба бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт мусоидат менамоянд.
Яке аз ҳадафҳои афзалиятноки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар солҳои охир пурра таъмир ва асфалтпӯш намудани тамоми роҳҳои пойтахт — роҳҳои асосӣ ва дохилии он мебошад. Айни замон корҳои ободонӣ, таъмири ҷории роҳҳо ва васеъ намудани онҳо, чароғонкунии кӯчаҳо, шинондани гулҳо, бунёди чаманзор ва тоза нигоҳ доштани роҳу ҷӯйборҳо дар пойтахт ҷараён доранд.
Дар чанд соли охир дар пойтахти мамлакат роҳу пулҳои бисёрсатҳаи замонавӣ ба истифода дода шуданд, ки бунёди ин гуна роҳҳои муосир дар пешрафти шаҳрҳо, таъмини ҳаракати муназзами нақлиёт, бехатарии роҳгузарон ва тараққиёти давлат нақши муҳим дорад.
Бунёди роҳҳои бисёрсатҳа дар шаҳри Душанбе тақозои ҷомеаи навин буда, барои беҳтар гардидани шароити ҳаракат дар пойтахт мусоидат менамояд.
Ҳамин аст, ки 27 октябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди роҳҳои дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва навсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе санги асос гузоштанд.
Сохтмони 3 эстакадаи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва навсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва дар асоси Лоиҳаи таҷдиди хиёбони Саъдии Шерозӣ дар шаҳри Душанбе амалӣ гардида, чун тарҳҳои муосири шаҳрсозӣ ояндаи наздик имконоту шароити муосирро аз ҷиҳати инфрасохтор ва коммуникатсия муҳайё месозанд.
Дарозии роҳи дусатҳа нуқтаи пайванди хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Неъмат Қарабоев дар умум 850 метрро ташкил дода, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ду самт 8 хатти ҳаракат сохта мешавад, ки паҳноии ҳар як хатти ҳаракат мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сеюним метрро ташкил хоҳад дод. Гардишҳои роҳи дусатҳа бо 3 хатти ҳаракат ва риояи талаботи байналмилалӣ бунёд хоҳанд шуд.
Дарозии роҳи дусатҳаи дигар, ки дар нуқтаи пайванд аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров бунёд карда мешавад дар умум 4 ҳазору 300 метрро ташкил дода, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ду самт 8 хатти ҳаракат тибқи стандарҳои байналмилалӣ сохта мешаванд.
Дар қитъаҳои алоҳидаи хиёбони Саъдии Шерозӣ барои нақлиёти истифодаи умум – автобусу тролейбус хатҳои махсуси ҳаракат ҷудо карда мешаванд.
Дар ҷараёни корҳои сохтмонии 2 эстакада ва навсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, ки дар муҳлати 2 сол анҷом дода мешавад, навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла хати оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, барқ, равшанидиҳӣ, сабзкории гулгашту роҳравҳо бо сифати баланд анҷом дода хоҳанд шуд.
Бояд иброз намуд, ки лоиҳаи таҷдиди хиёбони Саъдии Шерозӣ дар шаҳри Душанбе дар асоси Созишномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо арзиши ҳудуди 1 миллиард сомонӣ аз ҷониби паймонкорон Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж», Ширкати муҳандисию сохтмонии шаҳрсозии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳамоҳангсоз Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе амалӣ мегардад.
Навсозии пули мошингузар аз болои дарёи Душанбе дар хиёбони Саъдии Шерозӣ амалӣ гардида, он бо дарозии 115 метр ва паҳноии 40 метр аз ҳар ду самт, 8 хатти ҳаракат ва 100 тонна иқтидори вазнбардорӣ бунёд мегардад. Дар сохтмон ва навсозии пули мошингузар 80 болори мустаҳкам ва босифат сохта, истифода карда мешавад, ки аз он 40 болор 24 метрӣ ва 40 тои дигар 33 метрӣ мебошанд.
Сохтмони 2 роҳи дусатҳа дар нуқтаи пайванди хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Неъмат Қарабоев ва дар нуқтаи пайванд аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, инчунин навсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе дар хиёбони Саъдии Шерозӣ бо мақсади амалинамоии лоиҳаҳои ҷадиди шаҳрсозӣ, бартарафнамоии тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва таъмини ҳаракати бемамониати ронандагону пиёдагардон мебошад. Инчунин барои кам намудани садаманокӣ, таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётию пиёдагардон, аз ҷумла аз байн бурдани танбашавии воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаҳои ба он пайваст мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»