ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, якшанбе, 305-умин рӯзи соли 2026 аст
АМИТ "Ховар" ·
1 ноябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Шоҳзода Холид ибни Сауд ибни Холид Оли Саудро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва густариши ҳамкории судманд баррасӣ шуд.
***
14 сол пеш, 1 ноябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2019 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парлумони Аврупоро таҳти роҳбарии Фулвио Мартушиелло ба ҳузур пазируфтанд.
***
1 ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиёнро ба истифода доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба сохтмони парки технологии инноватсионӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
***
1 ноябр соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муовини Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Николай Журавлёвро, ки барои иштирок дар ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон Маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, мавриди истифода қарор доданд.
1 НОЯБР:
Дар Русия – Рӯзи иҷрочии суд
***
Дар Беларус – Рӯзи кормандони авиатсияи гражданӣ
РӮЙДОДҲО:
97 сол пеш, соли 1929 аввалин шумораи рӯзномаи «Советский Таджикистан» (ҳоло «Народная газета») нашр шудааст.
***
1 ноябри соли 2007 сомонаи интернетии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин www. tajikembassychina. com фаъол шуд.
***
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе аввалин намояндагии дипломатии давлатҳои арабӣ – Сафорати Арабистони Саудӣ ифтитоҳ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2011 меҳмонхонаи панҷситорадори «Серена»-и Душанбе мавриди истифода қарор гирифт.
***
1 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе машварати навбатии кории коршиносони дастгоҳҳои шуроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид.
***
1 ноябри соли 2017 Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон доир шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1895 дар Петербург «Иттифоқи мубориза барои озодкунии синфи коргар» таъсис дода шуда буд.
***
Соли 1897 дар шаҳри Турини Италия клуби футболи «Ювентус» таъсис ёфта буд.
***
Соли 1938 Ҳукумати Мексика ба кишвараш аз Германия ворид шудани яҳудиёни гурезаро манъ кардааст.
***
Соли 1993 Туркманистон асъори рублро бекор карда, асъори худ – манатро ҷорӣ намуд.
***
Соли 1944 Агентии иттилоотии Япония «Киодо Тсусин» таъсис дода шудааст.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Баҳром Фирӯз — соли 1939 — шоир, нависанда ва публисисти тоҷик.