Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 15 ноябр дар шаҳри Хуҷанд чемпионати кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид. Мусобиқа бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Мусобиқаи кушоди варзишӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 100 нафар шиновар аз минтақаҳои гуногуни мамлакат доир шуд. Дар он варзишгарон аз рӯйи намудҳои шиноварӣ дар масофаҳои гуногун қувваозмоӣ намуда, барои дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ рақобати ҷолиб нишон доданд.
Ҳадаф аз баргузории чемпионат муайян намудани беҳтарин шиноварони мамлакат, омодасозии варзишгарони касбӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим байни наврасону ҷавонон мебошад.
Дар партави сиёсати варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди инфрасохтори варзишӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои тамрини варзишгарон ва муаррифии имконияти кишвар дар арсаи байналмилалӣ тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд.
Дар фарҷоми мусобиқа ғолибону ҷоизадорон муайян гардида, бо медал, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд