Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст

АМИТ "Ховар" ·

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/ . Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои миллати тоҷик санади муҳиму сарнаивштсоз мебошад, барои соҳибистиқлолӣ, ягонагӣ, тамомияти арзӣ ва бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон заминаи устувори ҳуқуқӣ гузошт. Ин нукта дар маҷлиси тантанавие, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарият ва кормандони корхона баргузор гардид, баён шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ медиҳад, ки иштирокдорони маҷлиси тантанавӣ доир ба нақши Конститутсия дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ сухан намуда, аҳамияти онро дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони муосир ва соҳибистиқлол муассир арзёбӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ҳамчун Қонуни асосии мамлакат дорои аҳамияти бузурги сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва таърихӣ мебошад. Конститутсия қувваи олии ҳуқуқӣ дорад ва ҳамаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд дар асоси он ва мувофиқи он қабул карда шаванд.

Таъкид гардид, ки Конститутсия ба соҳибистиқлолӣ, ягонагӣ, тамомияти арзӣ ва бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон заминаи устувори ҳуқуқӣ гузошт. Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф карда, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро аз ҷониби давлат кафолат медиҳад. Он муносибатҳои ҷамъиятиро ба низом дароварда, барои таъмини суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард.

Иштирокдорони маҷлиси тантанавӣ ҳамзамон доир ба аҳамияти ин санади муҳим, ки рушди давлатдории миллии тоҷикон ва асосҳои ҳуқуқи онро ба танзим медарорад, ибрози назар намуданд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Источник: АМИТ "Ховар"