Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 26.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид, ки то 6 ноябр идома меёбанд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон (ғайр аз шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Исфара ва Панҷакент, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Қубодиён, Данғара, Шаҳритус, Кушониён, Восеъ, Вахш ва Фархор) байни кӯдакони синнашон аз 6-моҳа то 5-сола (кӯдаконе, ки аз 27 октябри соли 2021 то 26 апрели соли 2026 таваллуд шудаанд) гузаронида мешавад.
Ин маърака дар 53 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад. Бо дарназардошти зичии муҳоҷират, баргузории чорабинӣ дар шаҳри Душанбе низ ба нақша гирифта шудааст.
Барои пешгирии ин бемориҳо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар саросари мамлакат Рӯзҳои миллии иммунизатсиякунонӣ бар зидди бемории сурхча ва гулафшон доир менамояд. Иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба он хотир гузаронида мешавад, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба ин гуна бемориҳо пешгирӣ карда шаванд.
Бемории сурхча бемории шадиди сироятӣ буда, ба он ҳарорати баланди шадид, илтиҳоби роҳҳои нафас, сулфа, сурхшавию ашкрезӣ аз чашмон ва пайдоиши доначаҳои сурх хос аст. Барангезандаи бемории сурхча вирус буда, ба воситаи ҳаво аз шахси бемор ба шахсони осебпазир мегузарад.
АКС аз манбаъҳои боз