Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир», ки дар Осорхонаи тамаддунҳои (Museo delle Civiltà) шаҳри Рими Италия баргузор гардид, аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон феҳристи ёдгориҳои намоиш таҳия карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Ин феҳрист бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ таҳия шуда, 120 саҳифаро дар бар мегирад. Дар он маълумоти муҳим оид ба ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон, ки дар намоиш ба маърази тамошо гузошта шудаанд, оварда шудааст.
Дар феҳрист 80 ёдгории нодир, ки давраҳои гуногуни таърихи халқи тоҷикро аз асри VI пеш аз милод то асри XXI фаро мегиранд, муаррифӣ шудаанд. Бозёфтҳои бостоншиносӣ аз Тахти Сангин, Панҷакенти қадим, Аҷинатеппа ва Бунҷикат, катибаҳои суғдӣ, инчунин намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва санъати тасвирӣ аз ҷумлаи маводи арзишманди он мебошанд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон