Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаи даҳрӯзаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат 84 фоизро ташкил дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаи даҳрӯзаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат 84 фоизро ташкил дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки беш аз 40 шаҳру ноҳияи мамлакат нақшаи пешбинигардидаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум пурра ва дар сатҳи баланд ба иҷро расониданд.
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» 1 октябр даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон