«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлиси Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, лоиҳаи  «Барномаи давлатии

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлиси Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, лоиҳаи  «Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ ва қабул гардид.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Баҳодур Шерализода зимни гузориш иброз дошт, ки мақсад аз таҳия ва қабули барнома баланд бардоштани сатҳи саводнокии экологии табақаҳои аҳолӣ, ташаккули арзишҳои устувори экологӣ ва малакаҳои рафтори бомасъулияти шаҳрвандон, ҷалби ҷавонон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва корхонаҳо барои иштироки фаъолона дар татбиқи ташаббусҳои экологӣ ва тақвияти корҳои маърифатӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки дар барномаи таҳияшуда ҳамчунин ташаккули фарҳанги экологӣ ба инобат гирифта шудааст, ки яке аз масъалаҳои афзалиятноки ҳифзи муҳити зист мебошад.

Дар маҷлиси ҳукумат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки «Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии ин барнома тасдиқ гардида, сохторҳои марбута аз натиҷаи корҳо ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"