Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрӣ намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ню-Йорк  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон аз иёлатҳои Ню-Йорк, Ню-Ҷерсӣ ва Пенсилвания вохӯрӣ

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ню-Йорк  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон аз иёлатҳои Ню-Йорк, Ню-Ҷерсӣ ва Пенсилвания вохӯрӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба фаъолияти ҷомеаи тоҷикон, густариши ҳамкории  Сафорат бо ҳамватанон, инчунин консулӣ баррасӣ гардиданд.

Сафир иброз намуд, ки ҳифзу ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони бурунмарзӣ, бахусус ҷомеаи тоҷикони Амрико зери таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сафорат барои иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Ҳукумати мамлакат ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзу ҳуқуку манфиатҳои тоҷикон мунтазам тадбирҳои дахлдор меандешад.

Инчунин таъкид гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ҳарду давлат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва ИМА дар ҳама самтҳо ба сатҳи баланд баромаданд. Ин барои фаъолияти тоҷикони Амрико заминаи бисёр хуб фароҳам овардааст.

Аъзои ҷомеаи тоҷикон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳамватанон ва роҳҳои густариши ҳамкории минбаъда бо Сафорат баёни андеша намуданд. Аз ҷумла, оид ба ташкили чорабиниҳои фарҳангиву ҷамъиятӣ, иштироки фаъоли ҳамватанон дар чорабиниҳои марбут ба муаррифии таърих ва фарҳанги тоҷикон, ҳифз ва тарғиби забони тоҷикӣ, инчунин густариши робита бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон пешниҳодҳои мушаххас баён гардиданд.

Сафир таклифу пешниҳодҳои шаҳрвандонро мувофиқи мақсад шуморида, изҳор намуд, ки  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди робитаҳои доимӣ бо ҷомеаи тоҷикон ва ташаббусҳои созандаву судманди онҳоро дастгирӣ менамояд. Дар ин замина зарурати иштироки фаъолонаи ҳамватанон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар муаррифии таъриху фарҳанги сертамаддуни тоҷик ва дастовардҳои Тоҷикистон таъкид гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Источник: АМИТ "Ховар"