ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. То аввали моҳи октябр кишоварзони ҷумҳурӣ 136,1 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 45,0 фоиз кам мебошад. Ҳол он ки соли 2026 дар мамлакат тибқи нақша бояд наздики 400 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардад. АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзию саноат ба ҳисоб рафта, ҳамасола ба кишту парвариш ва коркарди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Аммо солҳои охир нишондиҳандаҳои кишт ва ҷамъоварии он кам гардидаанд. Инчунин нархи пасти хариди пахта низ боиси нигаронии кишоварзон гардидааст.
Ҳосили пахта
Сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Мирзозода иброз намуд, ки «имсол нисбат ба соли 2025 ҳосил дар саҳро фаровон аст. Аммо омили асосии кам ҷамъоварӣ гардидани пахта, ин дер гузаронидани кишти пунбадона мебошад. Имсол кишти пахта тақрибан 20 рӯз дертар гузаронда шуд».
Гуфта шуд, ки айни замон се шаҳру ноҳияи мамлакат нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро намуданд. Кишоварзони вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳо дар ҷамъоварии пахта пешсаф мебошанд.
Усули инноватсионӣ
Бо истифода аз технологияи муосир соли равон пахтапарварони ҷумҳурӣ дар 40,2 ҳазор гектар кишти пахтаро бо усули зери плёнка ва дуқатора гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 19,0 ҳазор гектар зиёд мебошад.
«Ҳосили пахта дар кишти усули зериплёнка ва дуқатора нисбат ба усули анъанавӣ бештар мебошад. Аз ин усул имрӯзҳо аз 40 то 65 сентнерӣ пахта ҷамъоварӣ мегардад»,- афзуд Музаффар Мирзозода.
Комбайнҳои пахтағундор
Соли равон мувофиқи маълумоти омории шакли 4-кишоварз, пахтапарварони ҷумҳурӣ дар 164,8 ҳазор гектар кишт гузарониданд, ки 88 фоизи иҷрои дурнаморо ташкил дода, нисбат ба соли 2025 9,8 ҳазор гектар зиёд мебошад.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, то 12 октябри соли равон 106 ҳазор чинакчиён барои ҷамъоварии пахта сафарбар шудаанд.
Сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки «айни замон 89 комбайни пахтағундор мавҷуд аст ва барои ҷамъоварии ҳосил равона гардидаанд».
Оё ин шумора барои ҷамъоварии майдони имсолаи пахта кифоя аст? Ба гуфти мутахассисон, ин мошинҳо талаботи кишоварзонро пурра таъмин намекунанд, зеро шумораи онҳо кам мебошад. Ҳарчанд дар муқоиса ба соли 2025 шумораи ин мошинҳо бештар гардидааст. Аммо норасоии техникаи муосири пахтағундор мушкили асосии соҳа ба ҳисоб намеравад.
Пахта бо нархи аз 4,5 то 5,5 сомонӣ барои як килограмм қабул карда мешавад
Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии мамлакат, айни замон ин маҳсулот аз ҷониби корхонаҳои коркарди пахта бо нархи аз 4,5 то 5,5 сомонӣ барои як килограмм қабул карда мешавад. Оё ин нарх хароҷоти пахтапарваронро мепӯшонад?
Тавре устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров қаблан ҳам иброз намуда буд: «Кишоварзони мо таҷрибаи хуби пахтапарварӣ доранд ва метавонанд ҳосили баланди онро таъмин намоянд, ба шарте ки аз он даромади хуб гиранд. Мушкилоти асосие, ки имрӯз мо дорем, ин бо нархи паст харидорӣ кардани пахта мебошад. Зеро кишоварз давоми ҳафт-ҳашт моҳ барои гирифтани ҳосил меҳнат ва хароҷот мекунад. Хароҷоти истеҳсоли соҳаи пахтапарварӣ хеле зиёд мебошад, барои парвариши он қувваи корӣ, сӯзишворӣ, нуриҳои минералию маъданӣ ва техникаи кишоварзӣ истифода мешавад».
Ба андешаи коршиносон, агар нархи ин зироати стратегӣ баланд нашавад, ҳавасмандии кишоварзон барои кишти он дар солҳои оянда кам мешавад. Муҳимтарин омили ҳавасмандсозии деҳқонон ба кишти пунбадона баланд бардоштани нархи фурӯши пахта мебошад.
Усули дефолиатсия
Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии мамлакат, аз даҳаи дуюми моҳи ноябр пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Инчунин миқдори моҳонаи бориши борон дар ҳадди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр зиёд пешгӯӣ мешавад. Вазорати кишоварзии мамлакат барои сари вақт ҷамъоварии ҳосил чӣ тадбирҳо меандешад? Музаффар Мирзозода иброз намуд, ки «айни замон дар 36 хоҷагии шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои сари вақт ҷамъоварии пахта усули дефолиатсия — пеш аз муҳлат резондани барги рустаниҳо амалӣ гардидааст».
Дефолиатсия тавассути пошидани моддаҳои махсуси кимиёвӣ амалӣ карда мешавад. Ин усул барои он истифода мешавад, ки раванди пухтани кӯсаҳо тезтар шавад ва шароити чидани пахта, махсусан бо комбайнҳо, осонтар гардад. Вақте ки ба ғӯзазор дефолиант мепошанд, дар баргҳо равандҳои табиии пиршавӣ ва хушкшавӣ тезтар мешаванд. Дар натиҷа, кӯсаҳои пахта аз сабаби гирифтани нури бештари офтоб зудтар ва якбора мекушоянд. Баргҳо мерезанд ва ҳангоми чидани пахта бо комбайн ё даст, нахи пахта бо барги хушк олуда ва ифлос намешавад.
Аммо ба андешаи олимони соҳаи кишоварзӣ, ин усул сарфи назар аз фоидаҳои иқтисодӣ, агар нодуруст ва бенизом истифода шавад, зарари ҷиддӣ дорад. Тавсия дода мешавад, ки дефолиатсия бояд вақте гузаронида шавад, ки камаш 50-60 фоизи кӯсаҳои пахта аллакай кушода шуда бошанд. Инчунин пошидани дору бояд дар рӯзҳои бешамол ва бо истифода аз ниқобу либосҳои махсуси муҳофизатӣ иҷро карда шавад.
Пахтакорӣ соҳаи муҳими стратегӣ ва аз нигоҳи иқтисодӣ аҳамиятноку сердаромад мебошад. Тоҷикистон мамлакате аст, ки аз рӯйи нишондиҳандаҳои хоку иқлим ва шароити табиӣ барои пахтапарварӣ аз бисёр давлатҳо фарқ мекунад.
Пас, мебояд барои ҳавасмандии марди деҳқон тамоми мушкилоти соҳа ба танзим дароварда шуда, нархи пахта хароҷоти кишоварзонро пӯшонад.
Ба таҳлили коршиносон, дар ҷумҳурӣ барои пайваста иҷро намудани нақшаи истеҳсоли пахта имкониятҳо мавҷуданд. Роҳи асосии он, дар баробари ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа, баланд бардоштани нархи хариди пахта мебошад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА, АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»