ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонони ватандӯсти ноҳияи Вахш барои адои хизмати ҳарбӣ сарбаландона ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ шуданд. Даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи якум 100 фоиз иҷро гардид.

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонони ватандӯсти ноҳияи Вахш барои адои хизмати ҳарбӣ сарбаландона ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ шуданд. Даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи якум 100 фоиз иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш иттилоъ доданд.

Дар ноҳия бахшида ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид, ки зимни он ба наваскарон шаҳодатномаҳои касбӣ дода, маросими анъанавии нонгазон баргузор шуд.

Хизмати ҳарбӣ барои ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Тибқи талаботи қонун, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Зеро онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ азбар карда, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш дохил мешаванд. Ҳамчунин дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки даъвати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар 1 сол ду маротиба: аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути воситаҳои ахбори омма на дертар аз 1 моҳ пеш аз даъват эълон мегардад, анҷом дода мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш

Источник: АМИТ "Ховар"