Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат оид ба рушд ва такмили низоми омори миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат» ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Рушд ва такмили низоми омори
ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат» ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Рушд ва такмили низоми омори миллӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат хабар доданд, конференсия бо мақсади таҳлили дастовардҳо, муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди низоми омори миллӣ, баррасии масъалаҳои такмили усулҳои ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумоти оморӣ, инчунин тақвияти ҳамкории илмӣ ва касбӣ дар соҳаи омор баргузор карда шуд.
Дар конференсия коршиносони соҳаи омор, олимону донишмандон, муҳаққиқон, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишвар, инчунин намояндагони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи конференсия таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ низоми омори миллӣ ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими таъмини идоракунии самараноки давлатӣ, таҳияи сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ ва арзёбии равандҳои рушди кишвар марҳилаҳои муҳими ташаккул ва такмилро тай намудааст.
Дар ҷараёни конференсия намояндагони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иштирокчиён вобаста ба нақш ва аҳаммияти омори расмӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, рушди низоми омори миллӣ, истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ, баланд бардоштани сифати маълумоти оморӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос суханронӣ намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва афзоиши талабот ба маълумоти дақиқу саривақтӣ тақозо менамояд, ки низоми омори миллӣ пайваста такмил ёфта, дар раванди ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва таҳлили маълумот аз усулҳои муосир ва технологияҳои рақамӣ васеъ истифода гардад.
Дар идома маърузаҳои илмӣ ва гузоришҳои таҳлилии иштирокчиён шунида шуда, масъалаҳои муҳими марбут ба рушди омори миллӣ, таҳкими заминаҳои илмӣ ва методологии фаъолияти оморӣ, рақамикунонии равандҳои оморӣ, тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисос ва баланд бардоштани нақши муассисаҳои таълимӣ дар омодасозии мутахассисони соҳаи омор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат»