Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

АМИТ "Ховар" ·

Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, шахсиятҳои маъруф ва шаҳидони ин кишвар

ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, шахсиятҳои маъруф ва шаҳидони ин кишвар дар назди оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ва ҳамсари ӯ Зарифа Алиева, ҳамчунин гулхани ҷовидони шаҳидон гулчанбар гузошта, хотираи неки онҳоро пос дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар идомаи сафар Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Асадов мулоқот намуд.

Зимни суҳбат бо баррасии ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории кишварҳо таъкид гардид, ки сиёсати созандаи роҳбарони ду давлат барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба заминаи мустаҳкам фароҳам меорад. Ин аст, ки солҳои охир ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар тадриҷан афзоиш меёбад.

Ҷонибҳо аз рушди ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷорату иқтисод, саноат, кишоварзӣ, энергетика, фарҳанг ва сайёҳӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати густариши ҳамкорӣ дар ин соҳаҳоро таъкид доштанд.

Зимнан ба истифодаи манбаъҳои табиӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҳамчунин дар ин рӯз Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Саҳиба Ғаффарова мулоқот намуд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ба муносибатҳои дӯстии анъанавӣ ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи байнидавлатӣ бо Озарбойҷон, ки дар натиҷаи муколамаи доимии сиёсӣ дар сатҳи олӣ ҳосил шудаанд, аҳамияти хоса медиҳад.

Инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуд.

Источник: АМИТ "Ховар"