Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр дар шаҳри Боку дар доираи Саммити 7-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ, шуғл дар хориҷа ва сайёҳии Ҷумҳурии Сотсиалистии Демократии Шри-Ланка Виҷита Ҳерат баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва самтҳои ояндадори рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Демократии Шри-Ланка, инчунин густариши ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"