Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ва SECO дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ- мушовирони
ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ва SECO дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ- мушовирони байналмилалӣ Субхренду Чаттерҷи ва Эрҷан Лючи дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ, аз ҷумла дар доираи татбиқи марҳилаи II лоиҳаи «Таҳкими бахши молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориро мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор доданд. Таъкид гардид, ки ҳамкории дарозмуддати ҷонибҳо барои пешбурди ислоҳот дар самти таҳкими суботи молиявӣ, такмили назорати бонкӣ, рушди низоми пардохт ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ заминаи мусбат фароҳам овардааст.
Зимни мулоқот натиҷаҳои асосии татбиқи марҳилаи II лоиҳаи «Тақвияти бахши молиявӣ дар Тоҷикистон» муаррифӣ гардид. Ҷонибҳо натиҷаҳо ва таҷрибаи бадастомадаро замина барои муайян намудани самтҳо ва шаклҳои эҳтимолии ҳамкории минбаъдаи Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ ва SECO арзёбӣ намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон