Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 08.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов бо ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон оид ба кишварҳои Осиёи Шарқӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Уқёнуси Ором Йоахим Бертеле мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, вазъи кунунии минтақа ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Источник: АМИТ "Ховар"