ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, чоршанбе, 301 — умин рӯзи соли 2026 аст

АМИТ "Ховар" ·

28 октябри соли 2011 пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузурги шахсияшон дар ҳамгироию ҳамкорӣ дар фазои пасошуравӣ бо мукофоти олии Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон «Ордени Иттиҳоди дараҷаи 1» сарфароз гардонида шуданд.

***

28 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Навобод»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

28 октябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок намуданд.

28 ОКТЯБР:

Рӯзи ҷаҳонии ҷудо.

***

Рӯзи ҷаҳонии аниматсия.

***

Дар Русия — Рӯзи бибиҳо ва бобоён.

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 1707 бар асари заминҷунбӣ дар Ҷопон 5 ҳазор нафар ҳалок шуданд.

***

28 октябри соли 1886 дар Ню-Йорк маросими расмии ифтитоҳи ҳайкали Озодӣ баргузор гардид.

***

28 октябри соли 1914 ширкати «Kodak» оғози корро барои ташкили технологияи суратҳои ранга эълон намуд.

***

28 октябри соли 1997 дар назди Президенти Федератсияи Русия Комиссия оид ба мубориза бар зидди экстремизми сиёсӣ дар Русия таъсис дода шуд.

***

28 октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе семинари тиҷоратии доираи соҳибкорони Тоҷикистону Полша баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб сохтмони меҳмонхонаи 16-ошёнаи 5- ситорадор оғоз гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти «Ҷовидон»-и ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони бузургтарин «Парки технологию саноатии Ванҷ», ки дар Осиёи Марказӣ беназир аст, оғоз ёфт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1998 хизматрасонии ҷустуҷӯйии iSearch ба фаъолият оғоз намуд.

***

Соли 2011 Комроншоҳи Устопириён дар Латвия чемпиони ҷаҳон оид ба самбо ва соҳиби медали тилло гардид.

Источник: АМИТ "Ховар"