Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд

АМИТ "Ховар" · · g2988507

ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Париж дар доираи Ҳафтаи байналмилалии инфрасохтории «Paris InfraWeek 2026» таҳти унвони «Лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва имконияти сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёти Осиёи Марказӣ» чорабинии сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Чорабинӣ дар доираи Барномаи рушди иқтидори Долони нақлиётии Транскаспий ташкил гардида, намояндагони мақомоти давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ, сармоягузорони байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ, ширкатҳои инфрасохторӣ ва шарикони рушдро муттаҳид намуд.

Дар доираи чорабинӣ ҳайатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон имконияти сармоягузорӣ, лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётӣ ва дурнамои татбиқи онҳоро тавассути механизмҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ муаррифӣ намуданд.

Ҳамзамон таваҷҷуҳи махсус ба таҳкими робитаҳои нақлиётии кишварҳои Осиёи Марказӣ, рушди ҳамкории минтақавӣ ва истифодаи имконияти Долони нақлиётии Транскаспий барои густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ равона гардид.

Дар доираи чорабинӣ вохӯриҳои мустақим байни намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, сармоягузорон, институтҳои молиявӣ ва ширкатҳои байналмилалӣ дар шакли Business-to-Government (B2G) пешбинӣ гардидааст.

Ҳафтаи байналмилалии инфрасохтории «Paris InfraWeek 2026» аз 2 то 6 ноябри соли 2026 идома ёфта, беш аз 4000 иштирокчӣ, 300 сухангӯ ва намояндагони зиёда аз 50 кишварро муттаҳид менамояд. Мавзуи асосии ҳамоиши имсола «Инфрасохтор — пояи низоми нави иқтисодии ҷаҳонӣ» буда, ба масъалаҳои энергетика, рақамикунонӣ ва амният бахшида шудааст.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"