Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
АМИТ "Ховар" · · g1486209

ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия Форуми XIII байналмилалии сохтмон ва намоишгоҳи «100+TechnoBuild» баргузор гардид. Дар кори он аз Тоҷикистон Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия Форуми XIII байналмилалии сохтмон ва намоишгоҳи «100+TechnoBuild» баргузор гардид. Дар кори он аз Тоҷикистон Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд, мавзуи асосии форум «Хонаи оянда» буд. Дар он масъалаҳои рушди сохтмони муосир, самаранокии энергетикӣ, истифодаи технологияҳои нав ва ташкили муҳити бехатару бароҳат барои зиндагӣ баррасӣ гардиданд.
Зимни ҷаласаи форум оид ба рушди соҳаи сохтмон, баланд бардоштани сифату бехатарии сохтмон, амалӣ намудани технологияҳои муосир, истифодаи самараноки захираҳо ва ташкили муҳити бароҳати шаҳрӣ чун самти муҳими ҳамкории касбӣ ибрози андеша намуд.
Гуфта шуд, ки дар солҳои ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон дигаргуниҳои назаррас ба амал омада, механизмҳои комилан нави танзими давлатии фаъолияти сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмон ташаккул ёфтанд. Аз ҷумла, рушди минбаъда ва тавсеаи механизмҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, такмили низоми иҷозатдиҳӣ дар соҳаи сохтмон аз самтҳои муҳими ин раванд ба ҳисоб мераванд.
Дар Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва рушди муносибатҳои иқтисоди бозорӣ дар соҳаи сохтмон дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд. Ҳаҷми бузурги корҳои сохтмонии амалишуда, татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ ва меъморӣ далели равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва дигаргуниҳои созанда дар малакат ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон дар форум оид ба лоиҳаи маҷмааи бузурги бисёрфунксионалии меъморӣ дар шаҳри Душанбе маълумот дода шуд. Лоиҳа бунёди 52 иншоот, аз ҷумла 5 манораи баландошёнаро дар бар гирифта, баландии «Бурҷи Душанбе» 340 метр бо 77 ошёна пешбинӣ шудааст. Маҷмаа дорои инфрасохтори муосири манзилӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ ва фароғатӣ хоҳад буд. Таъкид гардид, ки хонаи оянда бояд на танҳо бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз бошад, балки бехатар, экологӣ, каммасраф ва ба талаботи инсон ҷавобгӯ низ гардад.
Дар ҷаласа масъалаҳои густариши ҳамкории касбӣ байни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, мубодилаи таҷриба ва технологияҳои муосир дар соҳаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон, масолеҳи сохтмонӣ ва омодасозии кадрҳои касбӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон