ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, чоршанбе, 315-умин рӯзи соли 2026 аст
АМИТ "Ховар" ·
11 ноябри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
11 ноябри соли 2023 дар пойтахти Подшоҳии Арабистони Саудӣ – шаҳри Риёз Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар доираи саммит Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ, Раиси Фонди рушди Саудӣ Султон Абдураҳмон ал-Маршад ва Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер мулоқот намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
11 ноябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим аз Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намуданд.
11 НОЯБР:
Рӯзи ҷаҳонии сарфаи неруи барқ.
***
Дар Русия – Рӯзи иқтисодчиён.
***
Дар Полша – Рӯзи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
11 ноябри соли 2009 дар анҷоми сафари Вазири мудофиаи вақти Ҷумҳурии Озарбойҷон генерал-полковник Сафар Абиев ба шаҳри Душанбе байни вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон нақшаи ҳамкории ҳарбӣ барои соли 2010 ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони воҳидҳои молиявию иктишофии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
11 ноябри соли 2016 дар Австрия форуми «Имконоти иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистон» доир шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 масоили рушди ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ветнам муҳокима гардид.
***
11 ноябри соли 2018 дар Вена ҷаласаи шашуми муштараки Комиссияи Тоҷикистон ва Австрия оид ба ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ доир гардид.
***
11 ноябри соли 2022 дар Ашқобод ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаи тиҷорату иқтисод ва илму техника баргузор шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии мамлакат, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи 42-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж иштирок намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1940 аввалин маротиба мошини тамғаи «Ҷип» бароварда шуд.
***
Соли 1983 нахустин намунаи озмоишии вируси компютерӣ ба вуҷуд оварда шуд.