Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
АМИТ "Ховар" · · g2761369
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Вена вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена Маркус Мюллер баргузор гардид. Тавре ба
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Вена вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена Маркус Мюллер баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба роҳҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои таҳсилоти тиббӣ, илм, таҳқиқот ва инноватсия, инчунин танзими чорабиниҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия