3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябри соли 1959 нахустин маротиба Студияи телевизиони Тоҷикистон ба кор шуруъ намуд, ки ин дар ҳаёти мамлакат рӯйдоди муҳими фарҳангӣ буд. Ҳоло барномаҳои ин телевизионро
ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябри соли 1959 нахустин маротиба Студияи телевизиони Тоҷикистон ба кор шуруъ намуд, ки ин дар ҳаёти мамлакат рӯйдоди муҳими фарҳангӣ буд. Ҳоло барномаҳои ин телевизионро тавассути моҳвора сокинони беш аз 50 давлати ҷаҳон тамошо мекунанд.
– Имрӯз «Телевизиони Тоҷикистон» чун яке аз расонаҳои тарғибгари давлату ҳукумат фаъолияти босамар дошта, ҳамарӯза дастовардҳои Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.
Истиқлолияти давлатӣ барои рушди телевизиони миллӣ давраи нав ба вуҷуд овард. Дар ин давра доираи фарогирии барномаҳои ин расона дар ҷумҳурӣ ба 99 фоиз расид. Гузариши пурраи телевизион ба пахши рақамӣ имкон дод, ки барномаҳо бо панҷ забон ва тавассути пахши дақиқияташ баланд – HD дар пурра сохтани фазои иттилоотии мамлакат нақши муносиб гузоранд.
Бояд гуфт, ки пахши рақамӣ сифати тасвир ва садоро чанд маротиба беҳтар намуда, барои мардум имкони тамошои шабакаҳои зиёдро фароҳам овардааст. Истифодаи дастгоҳҳои наворбардорӣ ва танзими муосир имкон дод, ки мазмуну муҳтавои барномаҳои ин телевизион касбӣ ва ҷолиб гардад.
Телевизион дар Тоҷикистон на танҳо воситаи фароғат, балки мактаби муҳим дар рушди маърифат, фарҳанг ва худогоҳии миллӣ мебошад. Он ба таъмини иттилооти дақиқ ва саривақтӣ, таҳкими ваҳдат ва худшиносии миллӣ ва инкишофи маърифати ҷомеа мусоидат менамояд.
«Телевизиони Тоҷикистон» ҳамарӯза рӯйдодҳои минтақа ва ҷаҳонро ба самъи ҷомеа расонида, яке аз манбаъҳои боэътимод барои мардум ба ҳисоб меравад. Он ба сохтори муташаккилу қавӣ ва ниҳоди пешбарандаи идеологияи давлатӣ табдил ёфтааст.
Бояд гуфт, ки телевизион ҳамчун василаи афкорсоз бо таҳияи барномаҳои тарғибкунандаи забону фарҳанг, урфу одат ва муқаддасоти миллӣ метавонад ба равон, ҳиссиёт ва рафтори қишрҳои гуногуни ҷомеа таъсир расонад.
Дар телевизионҳои Тоҷикистон барномаҳои омӯзишӣ, илмӣ, тиббӣ ва тарбиявӣ низ пахш мегарданд, ки барои баланд бардоштани дониши ҷомеа, хусусан наврасону ҷавонон аҳамияти калон доранд.
АКС аз манбаъҳои боз