Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд доир ба лоиҳаҳои «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» ба маблағи 9,6 миллион ва «Барқарорсозии роҳи мошингарди Балҷувон – Сари Хосор» ба маблағи 52,85 миллион евро, дар маҷмуъ 62,45 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Созишномҳо 27 октябр дар Вазорати молия зимни мулоқоти Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне ба имзо расонида шуданд.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи мошингарди Балҷувон – Сари Хосор» ин таҷдиди роҳ бо дарозии 54,1 километр, сохтмони 10 пул ва насби 121 қубури обгузар, инчунин таъмини устуворӣ ва бехатарии робитаҳои нақлиётӣ дар минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ мебошад.

Мақсади асосии лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» ин сохтмону барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, беҳтаргардонии сифат, безараргардонии оби нӯшокӣ ва бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб мебошад.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"