Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия маросими супоридани Ҷоизаи байналмилалии «Евразия-2026» баргузор гардид, ки дар он директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Назрихуҷа Сайдалиев бо лоиҳаи «Технологияи Авруосиё: Олимпиадаи байналмилалии даставии ихтироъкорон ва ҳунармандони наврас» дар номинатсияи «Пулҳои дӯстӣ» («Мосты дружбы») ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Лоиҳаи намояндаи Тоҷикистон аз байни 5512 лоиҳаи 73 давлати ҷаҳон ба даҳгонаи беҳтарини номинатсия роҳ ёфта, 14 октябри соли 2026 дар меҳмонхонаи «Radisson Collection»-и шаҳри Москва дар назди ҳайати ҳакамони байналмилалӣ ҳимоя гардид.

Асоси ин ташаббусро таҷрибаи панҷсолаи баргузории олимпиадаи шаҳрӣ аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ташкил медиҳад, ки бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба амалӣ гардида, 68 016 нафар кӯдаку наврасонро фаро гирифтааст.

Ҳадафи лоиҳа густариши ин таҷрибаи муваффақ аз сатҳи шаҳрӣ ба сатҳи байналмилалӣ, муттаҳид намудани кӯдакону наврасони кишварҳои Авруосиё тавассути илму ихтироъкорӣ, робототехника, технологияҳои муосир ва эҷодиёти муштарак мебошад.

Тибқи нақшаи рушди лоиҳа, шаҳри Душанбе минбаъд ҳамчун қароргоҳи марказӣ (штаб-квартира)-и Олимпиадаи байналмилалии «Технологияи Авруосиё» барои кишварҳои Авруосиё муайян гардида, баргузории нахустин олимпиадаи байналмилалӣ дар соли 2027 дар пойтахти Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ин иқдом барои табдил додани шаҳри Душанбе ба майдони муҳими ҳамкории илмиву эҷодии насли навраси кишварҳои гуногун замина мегузорад.

Ин дастовард бозгӯи самараи сиёсати маорифпарваронаву ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти рушди илму маориф ва таҳсилоти иловагӣ мебошад.

Ҳадафҳои лоиҳа бо руҳияи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 25 июни соли 2026 оид ба эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ҳамоҳанг буда, ба таҳкими дӯстӣ, сулҳ ва ҳамкории созандаи наслҳои оянда мусоидат менамоянд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Источник: АМИТ "Ховар"