Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 9 ноябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон 15-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш баргузор мегардад. Дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ аз Тоҷикистон ҳафт паҳлавон иштирок мекунад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» .
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳақдод Гулов дар вазни то 60 кг, Сарвар Абдушукуров дар вазни то 66 кг, Умар Шеров дар вазни то 73 кг, Наврӯзи Каримзод дар вазни то 81 кг, Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кг, Саидҷамол Алимардонов дар вазни то 100 кг ва Фирдавс Насимов дар вазни то 120 кг дохил шудаанд.
Паҳлавонони тоҷик дар ин чемпионати ҷаҳонӣ бо намояндагони давлатҳои гуногун рақобат намуда, барои ба даст овардани медалҳо ва муаррифии шоистаи варзиши Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ талош хоҳанд кард.
АКС аз манбаъҳои боз