Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти

ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Форум ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва ҳамбастагӣ байни мардум ва ҷамоатҳои водии Фарғона бахшида шуд. Дар доираи он масъалаҳои рушди ҳамкории ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ, таҳкими эътимоди мутақобил, пешбурди ташаббусҳои сулҳсоз ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди устувори минтақа баррасӣ гардиданд.

Форум ҳамчун платформаи муҳими муколама ва табодули таҷриба байни намояндагони давлатҳо ва ҷомеаҳои минтақа ба таҳкими фазои сулҳу субот, эътимод ва ҳамкории созанда дар водии Фарғона мусоидат менамояд.

Дар доираи форум директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо муовини директор – котиби илмии Пажӯҳишгоҳи миллии тадқиқоти стратегии Муғулистон Гэрэлт-Од масъалаҳои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон ва густариши ҳамкории минбаъда байни ниҳодҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии ду давлатро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо иброз намуданд, ки дар шароити имрӯза рушди ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ метавонад барои омӯзиши масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ, табодули таҷрибаи илмӣ ва таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Ҳамчунин Хайриддин Усмонзода бо директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Элдор Арипов вохӯрӣ намуд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкории ниҳодҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии Тоҷикистону Узбекистон, густариши робитаҳои касбӣ байни марказҳои таҳлилӣ, табодули таҷрибаи илмӣ ва коршиносӣ, инчунин ба роҳ мондани ташаббусҳо ва чорабиниҳои муштараки таҳлилӣ ва илмӣ баррасӣ гардиданд. Изҳор шуд, ки чунин ҳамкорӣ ба ғанӣ гардидани муҳокимаҳои коршиносӣ ва таҳкими робитаҳои касбӣ байни доираҳои таҳлилии кишварҳои минтақа мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон Хайриддин Усмонзода дар вохӯрӣ бо директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Ҷавлон Адилбеков масъалаҳои иштироки намояндагони ҳар ду ниҳод дар чорабиниҳои илмӣ, таҳлилӣ ва байналмилалӣ, инчунин ба роҳ мондани табодули таҷрибаи илмӣ ва коршиносиро баррасӣ намуданд. Дар ин замина масъалаи иштироки кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ дар чорабиниҳои минбаъдаи Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҳамоишҳои илмӣ ва коршиносӣ баррасӣ гардид.

Хайриддин Усмонзода инчунин бо намояндагони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо — Доминик Драснар ва Серж Рюмин вохӯрӣ анҷом дод. Ҷонибҳо саҳми ниҳодҳои байналмилалӣ дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа ва аҳамияти баргузории чорабиниҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин масъалаи муаррифии таҷрибаи бадастомада дар доираи Форуми дуюми сулҳи Фарғона дар чорабиниҳои байналмилалии минбаъда баррасӣ гардид.  Пешниҳод шуд, ки намояндагони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар чорабиниҳои байналмилалии минбаъда, ки берун аз минтақа баргузор мегарданд, бо иштироки муштарак таҷрибаи ҳамкорӣ ва дастовардҳои худро дар самти таҳкими сулҳ, эътимод ва ҳамкории минтақавӣ муаррифӣ намоянд.

Ҷонибҳо зарурати идомаи чунин вохӯриҳо, таҳкими ҳамкории ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои муштаракро таъкид намуда, барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ изҳори омодагӣ карданд.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"