Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Сафари
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ба шаҳри Душанбе баргаштанд.
Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили ҷашни бошукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ давоми се рӯз дар ноҳияҳои Фархор, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб сурат гирифт.
Зимни сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор 21 иншоот, дар ноҳияи Восеъ 30-то ва дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 42 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Истиқлоли давлатӣ дастоварди беназири миллати тоҷик буда, давоми 35 сол ба сифати ҷашни давлатии муқаддас барои созандагиву бунёдкориҳои бемисл, рушду тараққиёт ва пешрафти Ватан заминаи устувор фароҳам овард.
Дар панҷсолаи охир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ҳазорҳо иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нишонаи он аст, ки сокинони сарбаланд ва заҳматпешаи вилоят барои ояндаи дурахшони Ватани маҳбуб ва ҳаёти шоиставу босаодат талошу кӯшишҳои зиёд менамоянд.
Маросим гусели Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳомати хоса бо иштироки ҳунармандон, фаъолон ва ҷавонони шаҳри Кӯлоб, барномаи рангини ҳунарӣ ва суруду таронаҳои ватандӯстона дар фазои фараҳмандӣ ва шодию нишот сурат гирифт.
Мардуми саодатманди шаҳри Кӯлоб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фазои эҳтироми хоса ва муҳаббати беандоза гусел намуданд.