Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияи Ҷайҳун дар 2 ҳазору 102 гектар сабзӣ кишт карда шудааст, ки айни замон ҷамъоварии ҳосили он идома дорад, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Сабзӣ яке аз маҳсулоти асосии истеъмолии аҳолӣ маҳсуб меёбад ва талаботи бозор ба он ҳамеша баланд аст. Маҳз ҳамин омил боиси он гардидааст, ки парвариши сабзӣ дар сатҳи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирад.

Дар ноҳия сабзӣ асосан ҳамчун кишти такрорӣ парвариш карда мешавад. Кишоварзон пас аз ҷамъоварии гандум, полезӣ ва дигар навъҳои зироати кишоварзӣ заминҳоро омода намуда, дар онҳо сабзӣ кишт мекунанд. Аз ҳар як гектар аз 45 то 50 сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд.

Ба иттилои масъулони соҳаи кишоварзии ноҳия, айни замон корҳои ҷамъоварии ҳосил дар хоҷагиҳои деҳқонӣ идома дошта, кишоварзон талош доранд ҳосили ба дастомадаро сари вақт ҷамъоварӣ ва ба бозорҳои дохилӣ пешниҳод намоянд.

Ҷамъоварии сабзии аз кишти такрорӣ на танҳо барои таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза, балки барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи замин ва афзоиши даромади кишоварзон низ аҳамияти муҳим дорад.

Масъулони соҳа изҳор доштанд, ки истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, риояи муҳлати кишту ҷамъоварии маҳсулот ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ аз омилҳои асосии рушди соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"